Ба гузориши агентсии хабарии Аҳли Байт (Абна) — сардор Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳ, дар паёме, тадфини бошаҳомати пайкари пешвои шаҳиди Инқилоби Исломӣ дар Ироқро рамзи иттиҳоди ду миллати Эрону Ироқ ва омили тақвияти ҷабҳаи муқовимат дар муқобили фитнаҳои амрикоӣ унвон кард.
Матни пурраи паёми сардор Қоонӣ ба ин шарҳ аст:
«Тақозои тадфини пешвои шаҳиди Инқилоби Исломӣ ва банақшагирии васеъ барои ин рӯйдоди таърихӣ аз ҷониби давлату миллати Ироқ, умқи пайванди маънавии ду миллати бузурги Ироқу Эронро ба ҳамаи ҷаҳониён нишон медиҳад. Дастгирии Мақоми муаззами раҳбарӣ аз мардуми бузурги Ироқ ва ба майдон омадани марҷаъияти азиз боиси он гардид, ки шаҳид Сулаймонӣ дар канори ҷавонони фидокори Ироқ бо ДОИШ ва Амрикои мутаҷовиз биҷангад, то он ки Трамп ҷинояткор қаҳрамони ду миллатро ҳамроҳи фармондеҳи олии Ҳашди шаъбӣ Абӯмаҳдии Муҳандис ба шаҳодат расонд. Тадфини беҳамтои пайкари мутаҳҳари Имоми шаҳиди мо дар Ироқ, мисли тадфини боазамати шаҳидони Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ, муштҳои дар ҳам фишурдаи ду миллат дар муқобили фитнаҳои амрикоиро устувортар ва хатти сурхи хунхоҳиро равшантар хоҳад сохт».
Your Comment